Бозии дуюми дӯстонаи футболбозони ҷавони Тоҷикистону Эрон мусовӣ анҷом ёфт

Декабрь 28, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 27  декабри соли равон  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстона миёни  дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон  дар сатҳи  баланд   баргузор   гардида, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ба анҷом расид. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.          

Бояд зикр  кард, ки дар қисми аввали бозӣ дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 30- юми бозӣ  Паймон Дадахон ба задани гол ноил гардид. Бо гузаро шудани панҷ дақиқа шогирдони Мубин Эргашев бо голи задаи Ислом Зоиров ҳисобро мусовӣ карданд. Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюми бозӣ ҳарчанд ҳар ду мунтахабҳо дар назди дарвозаи якдигар ҳолатҳои хавфнокро ба миён меоварданд, лекин  ба задани гол ноил нагардиданд. Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ бозии дӯстонаи  дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон ба фарҷом расид.

Бозии  дӯстона

Тоҷикистон  (U-19) – Эрон (U-19) – 1:1

Голҳо: Паймон Дадахон 30′, Ислом Зоиров 35′

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали  дӯстона байни дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19 — солаи  Тоҷикистон ва Эрон   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дар сатҳи баланд  сурат гирифт.  Дар он футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба ҳамсолони эронии худ ғолиб омада буданд. Голҳои  ин вохӯрии  ҷолибро  Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти   Шаҳром Самиев, 86  ба ҳадаф расониданд.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон  (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди  дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

 Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19) 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

27 декабр (якшанбе)

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19) 1:1

Голҳо: Паймон Дадахон 30′, Ислом Зоиров 35′

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 28, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд