Бозори «Меҳргон»: Нарх дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз нархи дохили бозор фарқ дорад
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Бозори “Меҳргон”-и пойтахт ташкил гардидааст, нархи 1 кг пиёз 1 сомонию 80 дирам, картошка 3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонию 20 дирам, шакар 8 сомонӣ, макарон 9 сомонӣ, биринҷ аз 8 сомонӣ то 12 сомонӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ аз 6 сомонӣ то 13 сомонӣ, карам 2 сомонӣ, гӯшт 55 сомонӣ, 5 кг равған 75 сомонӣ, 50 кг орд 220 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ зимни боздид аз бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе гузориш медиҳад.
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва вилояти Суғд маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод намудаанд. Сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо нархи арзонтар дастрас намоянд.
Дар дохили бозори “Меҳргон” нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал аз ҷониби соҳибкорон бо чунин арзиш пешниҳод гардидааст: 1 кг пиёз 2 сомонӣ, сабзӣ 1 сомоню 50 дирам, шакар 9 сомонию 50 дирам, макарон-10 сомонӣ, картошка-3 сомонию 30 дирам, биринҷ аз 10 сомонӣ то 17 сомонӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ аз 9 сомонӣ то 15 сомонӣ, карам- 2 сомонию 20 дирам, 5 кг равған аз 80 то 95 сомонӣ.
Тавре дар суҳбат бо мо сокини пойтахт Гулчеҳра Ғуломзода иброз намуд, баргузории чунин ярмарка-фурӯш ба буҷаи оилаҳо манфиат меорад.
“Шуғли ман дӯзандагист ва вақти зиёд надорам, ки ҳар рӯз ба бозор равам. Аз ин рӯ ба чунин ярмарка-фурӯш омада, маҳсулоти хӯроквории заруриро барои ду-се ҳафта мехарам. Маҳсулоте, ки дар ин ярмарка-фурӯш пешниҳод гардидаанд, тару тоза буда, тӯли як-ду ҳафта сифати худро гум намекунанд»,-афзуд номбурда.
Бояд гуфт, ки чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар маҳаллаи Қарияи Боло, «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ташкил гардидааст.
Ба гуфти савдогарони ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии бозори “Меҳргон”, ҳар рӯз шумораи харидорони онҳо меафзояд. Баъзе рӯзҳо бештари намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ то нисфирӯзӣ тамом мешавад. Масъулин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ярмарка-фурӯш ин нуқтаҳоро субҳи барвақт бо маҳсулот таъмин намуда, назоратро аз болои нархи он ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар гӯшаву канори шаҳри Душанбе бо мақсаде роҳандозӣ гардидааст, ки ба нархи маҳсулот дар бозорҳо таъсир расонад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон дар мамлакат нархи лимӯ 29 фоиз, карам 22 фоиз, ярмаи марҷумак 2,4 фоиз, сабзӣ 2,2 фоиз, себ 1,5 фоиз ва биринҷ 1,2 фоиз арзон шудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






