«БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД…». Андешаҳои профессор Муҳаммад Абдураҳмон доир ба китоби «Тоҷикон»

Декабрь 31, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров шаҳодатномаи миллати тоҷик, қосиди сулҳу салоҳ, бозтобии саҳифаҳои пурғановати таъриху тамаддун ва хотираи таърихии мо мебошад. «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ — таъкид менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ – бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои рангини миллатамон ошно кард». Дарвоқеъ, чунин баҳогузорӣ намудани шоҳасари «Тоҷикон» аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомест, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ ва фарҳангсолории мардумони мо нақши муҳиму беҳамто дорад. Чунин иброз намуд дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОН доир ба нақш ва арзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров. Ӯ дар идома андешаҳояшро чунин баён дошт:

-Мавриди тазаккур аст, ки дубора эҳё намудани шукуҳу шаҳомат ва мақоми ин китоб бо иқдому дастгирии Пешвои муаззами миллат вобаставу пайваста буда, тавассути фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав чоп ва дастраси на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки дастраси мардумони мухталифи ҷаҳон мегардад.

Муҳимияти ин асари бунёдии таҳқиқотӣ дар арсаи таърих барои халқи тоҷик ва дигар сокинони давлатҳои пасошӯравӣ дар он аст, ки дар таърихшиносии миллии ин кишварҳо китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров як таҳаввулот ва инқилоби худшиносию худогоҳии миллиро ба миён овард. Дар баробари ин, сензураи идеологии ҳамон замонро шикаста, ҳамчун сармашқи номгузориҳои илмӣ бо номи халқияту миллатҳои таҳҷоӣ ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ворид гардид. Барои мисол, баъдан китобҳо бо номҳои «Қазоқҳо», «Қирғизҳо», «ӯзбекҳо», «Туркманҳо» ва дигар гурӯҳхои этникӣ чоп шуданд. Институти этнология ва антропологияи ба номи Н.Н.Миклухо- Маклайи Академияи илмҳои Россия бошад, силсилаи китобҳоро бо номи «Маданият ва халқиятҳо» рӯи чоп овард ва дар бораи халқият ва миллатҳои гуногун китобҳо бо унвонии ҳар як этнос то ҳанӯз чоп шудаистодаанд.

Маълум аст, ки баҳсу мунозираҳо дар бораи шоҳасари «Тоҷикон» хеле тӯлонӣ ва гуногунанд, аммо дар илми таъриху ховаршиносӣ баҳси илмӣ дар ин масъала ҷойгоҳи мантиқии худро дорад. Хусусан масъалаи этногенез ва таъсири ҳамсоягони дуру наздик ба раванди ташаккулёбии халқи тоҷик барои пажӯҳишгарон то ҳанӯз муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти мардумони Осиёи Марказиро дарбар мегирад, ки дар он тоҷикон нақши бориз доранд.

Имрӯз чун анъанаи замони соҳибистиқлолӣ тарғиби мероси маънавӣ ва суннатҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, муваффақтарин сиёсати фарҳангие мебошад, ки барои тақвият бахшидан ба истиқлоли сиёсӣ ва худшиносии миллӣ заминаи босазое мегузорад. Ҳатто хабари аз нав чоп намудану ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон расонидани китоби «Тоҷикон» чунон ба зеҳну тафаккури мардум таъсиргузор аст, ки ба ин китоб мушарраф гардиданро ҳама бесаброна интизорӣ мекашанд.

Ба андешаи мо, дар айни ҳол, на танҳо хондану азбар намудани китоби «Тоҷикон» барои мо талаби замон мебошад, балки дар равоқи китобҳои хона нигоҳ доштани ин муқаддасоти миллӣ ифтихору имтиҳонест, ки ба худшиносию худогоҳӣ ва ҳувиятсозӣ далолат менамояд. Номи ин шоҳасар инъикосгару баёнгари андешаи миллӣ, тарбиятгару эҳёгари маданияту ахлоқи ҳамидаи мардумони ин сарзамини биҳиштосо мебошад, ки эътирофу эҳтироми он қарзи фарзандии мо мебошад.

Аз ин рӯ, чунин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба хотири омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик на танҳо дастуру ҳидояти фарҳангӣ, балки рамзи бузургию пос доштани хотираи абармардони миллат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Тавре шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд…

Декабрь 31, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд
Байни нашрияи «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Санкт-Петербург Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят беш аз 300 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад
Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад
«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Ин кӯзаи мунаққаш аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» моҳи сентябр баргузор мегардад
Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд