Дар Екатеринбург масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск муҳокима намуданд

Декабрь 25, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои гуногуни масъалаи дар сатҳи баландтар танзим намудани раванди муҳоҷирати муташаккилонаи меҳнатӣ  аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск пас аз давраи Ковид ва дигар воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия, ки шомили ҳавзаи Консулгарии генералӣ мебошанд, 24 декабр дар мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари зерсохтори  Федератсияи муҳоҷирони Россия дар вилояти Свердловск Хушвахт Айдаров муҳокима шуданд.

Тавре аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр  карда шуд, ки дар соҳаи ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия чунин падидаи манфӣ, аз қабили миёнаравии тасодуфӣ ва ғайриқонунии шахсони бевиҷдон бояд зудтар решакан карда шавад.

Ба дипломати тоҷик якчанд таклифҳои консептуалӣ ва мушаххас барои омӯзиши пешакӣ ва минбаъд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Россия расонидан пешниҳод карда шуданд.

Декабрь 25, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад