Дар Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар Суғд таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёт баррасӣ гардид
ХУҶАНД, 14.12.2020. /АМИТ Ховар/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят, Форуми мазкур бо назардошти меъёрҳои беҳдошти санитарӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар кори он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои ҶТ, профессор Шариф Раҳимзода- ҳарду тариқи он-лайн, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони МОИ «Суғд», бонкҳои дар вилоят амалкунанда, инчунин коршиносон, олимону мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зикр дошт, ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Зикр гардид, ки баргузории Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои ҶТ, профессор Шариф Раҳимзода тариқи онлайн вобаста ба аҳамияти ташкили Форум, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии мамлакат дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Дар қисми дувуми кори форум бо иштироки соҳибкорону роҳбарони коргоҳҳои муваффақи истеҳсолии миқёси вилоят, намояндагони бонкҳои дар вилоят амалкунанда бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ мизи мудаввар доир гардида, маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Иқтидори иқтисодии вилояти Суғд», «Нақши коргоҳҳои истеҳсоливу кишоварзӣ дар рушди соҳаи саноатикунонӣ ва кишоварзӣ», «Баланд бардоштани дониши иқтисодии соҳибкорон дар шароити муосир (ҷаҳонишавӣ)», «Аҳамияти малакаҳои касбии мутахассисон дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» шунида шуданд.
Зикр гардид, ки маҳз бо татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ шуда, миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда меафзояд. Ин омилҳо метавонанд ба рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонанд.
Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






