Дар Кӯлоб 1000 бех дарахт, 10 ҳазор гули лола ва зиёда аз 15 ҳазор бех гули садбарг шинониданд

Декабрь 15, 2020 10:13

КӮЛОБ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарсабзу хуррамгардонӣ мавсими ниҳолшинонӣ оғоз гардид.  Рӯзҳои истироҳатӣ дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр сокинон ва кормандони корхонаю ташкилот ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, ба нарм кардани бехи дарахтон ва шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан машғул гардиданд. Дар ин ҳашари умумишаҳрӣ қариб ду ҳазор нафар сокинон иштирок намуда, беш аз 1000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан, 10 ҳазор гули лола ва зиёда аз 15 ҳазор бех гули садбарг шинониданд.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар қитъаи ниҳолшинонии Корхонаи фаръии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳр зиёда аз якуним миллион гули садбарг қаламча карда шудааст, ки бо тавсияи мутахассисон охири моҳи феврал ва аввали моҳи март дар хиёбону гулгашт ва назди идораю ташкилот шинонида мешаванд.

Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, соли 2021 мувофиқи  дурнамо бояд дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 12 ҳазор бех дарахтони сояафкан, 7 ҳазор бех ниҳолҳои  ҳамешасабз ва 5 ҳазор бех ороишӣ шинонида шаванд. Инчунин барои зебою пурнакҳат гардонидани шаҳру деҳот 1 миллиону 625 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонида мешаванд.

Муассисаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Кӯлоб  дар майдони беш аз 3 гектар ниҳолхона дошта,  барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи дарахтшинонӣ  ҳамасола  ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ҳамешасабз парвариш менамояд. Инчунин корхонаю ташкилот имкон доранд аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб чунин ниҳолҳоро дастрас намоянд.

Декабрь 15, 2020 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд