Дар Маҷмааи хизматрасонии «Шоми Мастчоҳ» 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд

Декабрь 25, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маҷмааи хизматрасонии «Шоми Мастчоҳ» мавриди истифода қарор гирифт. «Шоми Мастчоҳ» бо харҷи зиёда аз 787 ҳазор сомонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстон аз ҷониби соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд гардид.  Дар он  барои истироҳату фароғати зиёда аз 280 нафар шароит фароҳам гардида, 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар ин бора аз макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бунёди ин иншооти замонавиро барои кулли сокинони ноҳия шодбош гуфта, зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созанда ва дастгирию меҳрубониҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ ҳамарӯза вусъат гирифта, сокинони вилоят бо рӯҳбаландию шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба меҳнати созанда машғул мебошанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин вобаста ба вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, равнақ бахшидани маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар давраи зимистон, омодагӣ ба кишти зироати баҳорӣ, захираи озуқаворӣ, пурзӯр кардани корҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории «Ковид-19», риояи ҳатмию қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюбу ниёзманд фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими мазкур  инчунин ба 27 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молиявӣ ва либосҳои зимистона туҳфа гардид.

Декабрь 25, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи оҳани Тоҷикистон барои содироти молу маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра тавассути низоми биллингӣ пардохт мегардад
Донишҷӯёни 56 филиали кафедраҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Исфандиёри Саъдулло: «Барои беҳтар намудани хизматрасонии алоқа 1850 истгоҳи базавӣ насб карда мешавад»
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад