Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо усули «хона ба хона» ва «рӯ ба рӯ» дар мавзӯъҳои мубрам бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд

Декабрь 21, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри ба мардум расонидани ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи мазкур, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия таъсис ёфтааст,  бо сокинон  бо усули «хона ба хона» ва «рӯ ба рӯ» суҳбату вохӯриҳо  гузаронида, масъалаи иштироки фаъолона дар  ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, инчунин мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб  замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз онро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинони деҳаҳои Чагами боло, Чагами поён ва Чагами миёна зарурати Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ, ҷамъоварии маблағи истифодаи он, ҳамчунин истифодаи мақсадноки  заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ  ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири Covid-19-ро  шарҳ доданд.

Дар ин вохӯриҳо зикр гардид, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сокинони деҳоти мамлакат ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда,   аз ин ҳисоб  на танҳо эҳтиёҷоти оила худро бароварда месозанд, балки даромади пулӣ ҳам ба даст меоранд. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа ва масъулони идораҳои замин, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста  таъкид мекунанд.

Сокини деҳаи Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Набихон Файзуллоев аз ҷумлаи онҳост. Номбурда имсол дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш, ки масоҳати он 0,12 гектарро ташкил медиҳад, сабзавоти барвақтӣ, картошка, бодиринг, помидор, қаламфур ва ғайраро парвариш карда, аз  ниҳолхонааш ҳам   фоидаи зиёд ба даст овард.

Набихон Файзуллоев гуфт, ки ҳар сол аз 2 то 3 ҳосил рӯёнда, на танҳо эҳтиёҷоти хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ бароварда месозад, балки ҳосили  боқимондаро ба фурӯш бароварда, даромади пулӣ ҳам ба даст меорад.

Дар ниҳолхонаи ӯ зиёда 13 навъи дарахтон парвариш меёбанд. То имрӯз хонаводаи ин деҳқони асил   аз меваҳои пухтарасидаи ҳавлиаш   мураббо ва хушкмева омода карда, захираи як солаи худро омода намудаанд.

Номбурда боқимондаи меваи дарахтонашро фурӯхта, бо пули онҳо барои аъзои хонаводааш либос ва дигар ашёи зарурии рӯзгор харидааст.

Набихон Файзуллоев, ин деҳкони дасткушод аз ҳосили рӯёндааш ба ҳамсоягон ва ниёзмандон  як миқдор ҳам тақсим кардааст. Мегӯянд, ки «ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад, харбуза аз харбуза». Сокинони дигари ин ноҳия ҳам дар заминҳои наздиҳавлигиашон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, карам, помидору бодиринг ва лубиёгӣ кишт  менамоянд ва аз он даромади зиёд ба даст меоранд.

Мавриди зикр аст, ки деҳаи Шӯроободи ноҳияи Ш.Шоҳин  дорои 1036 нафар аҳолӣ буда, сокинони маҳаллӣ ҳамасола зиёда аз 105 тонна мевагӣ ва сабзавот мерӯёнанд. Ҷамоати мазкур дорои 2518 гектар замин буда, сокинони маҳаллӣ асосан ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, лубиёгӣ, картошка, боғпарварӣ ва хӯроки чорво машғуланд.

Тибқи иттилои  масъулин,  имсол дар Ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» кишти гандум 1742 гектар, ҷав 51 гектар, лубиёгиҳо 35 гектар, картошка 18 гектар гузаронида шуда, 18,2 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст.

Декабрь 21, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид