Дар Панҷакент ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд

Декабрь 23, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  22 декабр  дар Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангӣ- эҷодии «Кохи Лоиқ»-и  шаҳри Панҷакент барандаи «Шоҳҷоиза»-и  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» —  хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и Панҷакент Раъно Насриддинова ва дигар ғолибони озмун  қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нахуст ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро  гурӯҳи ҷавонони фаъол ва хонандагону омӯзгорон дар даромадгоҳи шаҳр бо тантана истиқбол гирифтанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ғолибонро табрик намуда, иброз доштанд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» танҳо нафароне, ки истеъдод ва дониши хуб доштанд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои муваффақ гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ ва иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Раъно Насриддинова, Рухшона Норова, Мафтуна Назирова, Дилафзун Раҳмонова, Соҳибҷон Норов, Рӯдакӣ Норов, Исмоил Ҳусейнзода, Гулҷон Наҷмиддинова ва Лайлои Шоназар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин ғолибони озмун барои ташкил намудани чунин озмун  миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи консертии санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Декабрь 23, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»