Дар Панҷакент ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангӣ- эҷодии «Кохи Лоиқ»-и шаҳри Панҷакент барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и Панҷакент Раъно Насриддинова ва дигар ғолибони озмун қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нахуст ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро гурӯҳи ҷавонони фаъол ва хонандагону омӯзгорон дар даромадгоҳи шаҳр бо тантана истиқбол гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ғолибонро табрик намуда, иброз доштанд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» танҳо нафароне, ки истеъдод ва дониши хуб доштанд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Зимни ҳамоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои муваффақ гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ ва иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Раъно Насриддинова, Рухшона Норова, Мафтуна Назирова, Дилафзун Раҳмонова, Соҳибҷон Норов, Рӯдакӣ Норов, Исмоил Ҳусейнзода, Гулҷон Наҷмиддинова ва Лайлои Шоназар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ғолибони озмун барои ташкил намудани чунин озмун миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш барномаи консертии санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.









Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






