Дар Шаҳристон масъалаи пешгирии талафоти неруи барқ ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиро баррасӣ карданд

Декабрь 22, 2020 16:44

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру  ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  фаъолон ва сокинони  ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд суҳбату вохӯриҳо анҷом дод.

Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳристон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод нахуст миннатдории Сарвари давлатро ба мардуми ноҳия  ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 дар фазои сулҳу осоиштагӣ доир гардид,  расонид.

Абдулмаҷид Муминзод  муҳтавои муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  оид ба оқилона ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти серхароҷотро  тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои миллат масъулин бояд ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ташкил намоянд.

«Ҳамчунин аёдати шахсони ниёзманд, маъюбон, ятимон, расонидани кумак ба ин гурӯҳҳои ниёзманд, дастгирии оилаҳои камбизоат бояд мунтазам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳраку деҳот, дигар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба роҳ монда шавад»,-афзуд номбурда.

Дар вохӯриҳо оид ба масъалаҳои истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти картошка ва анҷоми тадбирҳои сабзкорию  гулшинонӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ аз сохтмони  як қатор иншооти ҷашнии ноҳияи Шаҳристон, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 19, ки барои 384 хонанда бунёд мешавад, инчунин пули мошингузар дидан намуда, тезонидани корҳои сохтмониро таъкид намуд.

Декабрь 22, 2020 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод