Дар Тоҷикистон наздики 2 миллион тонна ангишт истихроҷ шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз аввали соли равон беш аз 1,9 миллион тоннаро ташкил дод, хабар медиҳад АИ «Авеста» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои вазорат, дар мамлакат ангиштсанг ва ангишти бӯр истихроҷ карда мешавад. Дар ҷумҳурӣ беш аз ҳама, ангиштсанг истеҳсол карда мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар моҳҳои январ-ноябри соли равон беш аз 1,8 миллион тоннаро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ дар охири соли 2019 беш аз 2 миллион тонна (нисбат ба соли 2000 сад маротиба зиёдтар!) ва дар соли 2017 бошад, тақрибан 1,7 миллион тоннаро ташкил дод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар мамлакат 12 ширкати ватанию хориҷӣ ба истихроҷ ва истеҳсоли ангишт машғуланд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 200 корхона ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






