Дар Ёвон ба 40 нафар ятимони кул кумак расониданд
ЁВОН, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 40 нафар ятимони кул, ба ҳар як нафар ба маблағи 500 сомонӣ кумак намуданд. Ҳамчунин барои бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед», Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия ва сарбозони Қисми низомӣ дастурхони идона оростанд ва ба ҳар нафари онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода модарони маъюбу собиқадор Зиёда Сафарова ва Нигина Ҳусейноваро хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ расониданд.
Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба ниёзмандону бепарастдорон расонидани чунин кумакҳо идома дорад.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






