Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии оилаи Маматқуловҳо шинос шуд

Декабрь 23, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуда, бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии сокинон  шинос шуданд. Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия  нахуст Эргашбой Маматқулови 95 соларо аёдат намуда, сипас  бо тарз ва ташкили кор  дар   қитъаи замини наздиҳавлигии ин оила шинос шуданд.

Тавре аз  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, оилаи Маматқуловҳо дар ҳавлии худ дар масоҳати 0,054 га замин гармхона сохта, дар он сабзавот, аз ҷумла карам, помидору бодиринг, шалғам, шибиту пиёз  ва ғайраро  парвариш мекунанд. Онҳо  аз ин  ҳисоб зиндагии худро таъмин сохта, ҳамзамон ба нигоҳубини чорво низ машғул мебошанд. Ин оила  бо истифода аз маҳсулоти бадастовардаашон аз китъаи замини наздиҳавлигӣ  барои зимистонгузаронӣ  низ  маводи ғизоии зарурӣ захира намудаанд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки бояд ҳар як сокини ноҳия замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, баҳри таъмини оилаи худ бо маводи ғизоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Дар ин замина таҷрибаи сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда шуд, зеро қариб ҳар як оила гармхонаҳои хурд ташкил кардаву  дар он ба меҳнати самаранок  машғул мебошанд.

Декабрь 23, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад