Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ моҳи январи соли 2021 пешниҳод мегардад
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи январи соли 2021 пешниҳод мегардад. Дар ин бора имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Паёми Президент ба Парлумон – муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 пешниҳод шуда буд. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон»-и пойтахт баргузор шуда, беш аз ду соат идома ёфта буд. Дар баробари вакилондар ин ҷаласа роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шуда буданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






