Фаъолияти муваффақонаи «Равзанаи ягона»: Беш аз 1100 нафар истифодабарандагон ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 декабри соли равон дар низоми “Равзанаи ягона” беш аз 1100 нафар истифодабарандагон ба қайд гирифта шуда, аз тарафи онҳо ба мақомоти ба низом шомилшуда 7500 адад дархостҳои шаклашон ягона ирсол гардидаанд. Дар натиҷаи баррасӣ 4664 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба субъектҳои хоҷагидор тариқи электронӣ пешниҳод шудаанд.
Бо назардошти баъзе мушкилоти ҷойдошта низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол ба таври расмӣ ҷорӣ гардида буд, муваффақона фаъолият менамояд.
Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук баён гардид.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мавриди истифода қарор гирифтани низоми «Равзанаи ягона»- гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳои расмӣ қадами навбатӣ барои тақвияти татбиқи ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ маҳсуб шуда, ба зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






