Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали дӯстона ба ҳамсолони эронии худ ғолиб омаданд

Декабрь 24, 2020 16:34

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бозии аввали  дӯстона байни дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19 солаи  Тоҷикистон ва Эрон анҷом ёфт, ки дар он футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба ҳамсолони эронии худ ғолиб омаданд. Дар ин бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон  (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Зарбаи ҷаримавиро ба ҳадаф расонида натавонист: Ёсин Салмонӣ (Эрон), 55 – дарвозабон.

ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қиргизбоев, Алиҷон Қароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 24, 2020 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад