Хадамоти гумрук дар соли равон ба кадом дастовардҳо ноил гардид? — дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ ба ин суол посух доданд

Декабрь 14, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро ва натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа, ки сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроия ва тиҷорат иштирок доштанд, ҳамзамон масъалаҳои марбут ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ҳамчун падидаи нав дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохтҳои гумрукӣ матраҳ шуданд.

 

Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки соли равон дар  фаъолияти мақомоти гумрук ба даст омадаанд, гузориш дод. Зикр шуд, ки баъди анҷоми давраи пилотии низоми   «Равзанаи ягона», ки моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» мавриди истифодаи расмӣ қарор гирифт. Инчунин давоми соли равон ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» низ натиҷаи назаррас маҳсуб меёбад.

Таҳияи тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва моҳи октябри имсол бо забони давлатӣ ва русӣ ба табъ расидани он ба хотири огаҳӣ пайдо намудани доираи васеи хонандагон ва дастрасӣ доштани шарикони хориҷии мамлакат ба муҳтавои қонунгузории гумруки ҷумҳуриамон мебошад.

Бо назардошти мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ кумаки техникӣ дар самти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ба маблағи зиёда аз 30 миллион доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст ва бо сабаби пандемияи CОVID-19 васлу насби таҷҳизоти мазкур каме ба таъхир гузошта шудааст.

Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Корея пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба маблағи 4,5 миллион  доллари амрикоӣ, ки ба мукаммалсозии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона равона гардидааст, кори он дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

Таъкид шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҷиҳати содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва рушди тиҷорати байналмилалию дохилӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад кард. Ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа дар  мавзӯъҳои танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ҳамчун падидаи нав дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохтҳои гумрукӣ сухан карданд. Инчунин намояндаи ширкати «Душанбе Сити», ки дар амалигардонии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тариқи терминалҳо бо Хадамоти гумрук ҳамкории зич дорад, маърӯза карда, тариқи рӯнамо тартиби пардохтҳои гумрукиро бо истифода аз терминалҳо муаррифӣ намуд.

Бояд зикр кард, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама, дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Ба ҳайати Шӯро намояндагони мақомоти гумрук, ҳокимияти иҷроия, тиҷорат ва саноат шомил гардидаанд.

Декабрь 14, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 184 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар маҷмуъ 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар ба имзо расид
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Аз рӯи натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузорӣ нишасти матбуотӣ доир шуд
РАМЗИ 7 СИТОРАИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОД. Ва ё 7 омиле, ки сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар баргузор гардид
Коршиносон самтҳои асосии рушди маблағгузории иқлимӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мешавад
«DUSHANBE INVEST-2025». 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ба имзо расид
Ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». 8 санади ҳамкорӣ оид ба рушди инноватсия ва рақамикунонии соҳа ба имзо расид
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
Тоҷикистон ҳамкориро бо UNECE дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ тақвият медиҳад