Хонандагони болаёқати Хуҷанд Тоҷикистонро дар олимпиадаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, соҳиби 14 медал гардиданд

Декабрь 16, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд зимни иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии «International olympiad Antalya 2020» соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ гардида, 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Олимпиадаи мазкур аз 1 то 3 декабри соли 2020 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар он 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуданд.

Дар олимпиада аз 29 кишвари олам беш аз 2000 нафар ҳузур доштанд ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Тоҷикистонро дар ин озмуни байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Олимпиадаи байналмилалии «International olympiad Antalya 2020» аз рӯи фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

 

Декабрь 16, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад