Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш-фурӯши китоб доир гардид

Декабрь 29, 2020 08:26

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамин лаҳзаҳо  дар  даромадгоҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш – фурӯши китоб ҷараён дорад. Нашриёти «Адиб»  дар ин маъракаи фарҳангӣ   зиёда аз 250  номгӯй асарҳои бадеиро  бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба намоиш-фурӯш гузоштааст. Намоиш –фурӯши китоб дар ин макон то соати 14:00 идома меёбад. Дар ин бора аз нашриёти мазкур   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар  иброз дошт, «дӯстдорони  китоб  аз ин намоиш – фурӯш   метавонанд асарҳои писандидаи худро бо нархҳои арзон дастрас намоянд. Аз ҷумла, имрӯз  китобҳои тозанашри силсилаи «Ахтарони адаб», ҷилдҳои 43, 44, 45 ва 46, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ, «Чароғи лола»-и Муҳаммад Иқбол, «Шаҳсутун»-и  Абдулҳамид Самад, «Дасти дуои модар»,-и  Лоиқ Шералӣ, «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?», «Оинаи ломакон», -и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол», «Тарозуи чашм»,-и Давлат Сафар, «Ишқи сархӯр»,-и Кароматулло Мирзо,  «Фасли орзуву андеша»,-и Зулфия,  «Гулбоғи рубоӣ»,-и Раънои Мубориз «Афсонаҳои халқҳои  ҷаҳон» ва китобҳои   устодон Муъмин Қаноат, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир манзури  иштирокдорон  гардидаанд».

Ҳамчунин  иштирокдрон имкон доранд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин  метавонанд доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Декабрь 29, 2020 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид