ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ба қабули барҷастатарин санад дар таърихи инсоният 72 сол пур мешавад

Декабрь 10, 2020 13:17

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 10 декабр  ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон — барҷастатарин санад дар таърихи инсоният ва «Хартияи бузурги ҳуқуқу озодиҳои тамоми инсоният» 72 сол пур  мешавад. То ҳанӯз ягон санад чунин баҳои баландро сазовор нагаштааст.  Ҳамин Эъломия муқаррар намуд, ки меҳвари асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофи қадру қимати шахсият мебошад, ки он ба тамоми аҳли инсон хос буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст.

Роҷеъ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ  бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед БОБОЗОДА суҳбат намуд.

«Қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон- ин санади муҳими байналмилалӣ хислати муносибатҳои байналмилалиро тағйир дода, онро бо муҳтавои сифатан нав мукаммал намуд. 72 соли пас аз қабули Эъломия зарурат ва муҳимияти ин санадро собит ва тасдиқ намуд.

Яке аз қадимтарин санадҳое, ки дар он ҳуқуқҳои инсон эълон шуда буд, Эъломияи Куруши Кабир мебошад, ки соли 539 пеш аз мелод қабул шуда буд. Ҳамчунин нақши чунин санадҳое, ба монанди Хартияи Бузурги Озодихоҳии соли 1215, Билл дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Англия аз соли 1689, Билли амрикоӣ дар бораи ҳуқуқҳо аз соли 1791 ва Эъломияи франсавии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандӣ аз соли 1789 бузург аст.

Ҷаҳолату ваҳшонияте, ки инсоният дар миёнаи асри ХХ бо он рӯ ба рӯ шуд, ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки Эъломияро ҳамчун вазифаи тамоми халқҳою давлатҳо бобати ба ҳар инсон таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои дар он пешбинишуда таҳия ва қабул намояд. Санади мазкур то ба имрӯз на танҳо аҳамияти худро гум накардааст, балки дастоварди бузург ва заминаи асосӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳо дар самти ҳуқуқи инсон мебошад”-, мегӯяд Умед Бобозода.

Ба андешаи мавсуф, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи муайяннамудаи ин санади муҳим пеш рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.  Дар асоси Эъломия маҷмӯи санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон қабул карда шуд, ки тавассути онҳо принсипҳо ва меъёрҳои дар Эъломия пешбинигардида танзим ва амалӣ гардиданд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон барои қабули санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузошт, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Дар байни онҳо санадҳои барои иҷро ҳатмӣ — Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ накши муҳим мебозанд, ки дар якҷоягӣ бо Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон Билли байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳанд.

Эъломия агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст. Эъломия ҳанӯз ҳам бо гузашти 72 соли амали худ ба ҳаёти миллиардҳо инсонҳо таъсир расонида, ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Принсипҳо ва меъёрҳои асосии он то ҳанӯз нигоҳ дошта шуда, ба қонунгузорӣ ва конститутсияҳои давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлоли худ ба ҳаёти ҷомеаи байналмилалӣ фаъолона ҳамроҳ шуд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон афзалияти сиёсати давлатӣ арзёбӣ гашт.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.

Ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар идома иброз дошт, ки дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бо дарки муҳимияти чунин арзишҳои асосӣ, ба монанди ҳаёт, озодӣ, некӯаҳволӣ ва қадру қимати инсон, баробарии марду зан, дастрасӣ ба адолати судӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро амалӣ намуда, ҳамзамон ба 8 ҳуҷҷати универсалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон — Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шуд. Масъалаи ба имзо расонидани якчанд санади дигари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тоҷикистон ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалии худро дар соҳаи ҳуқуқи инсон иҷро намуда, сари вақт маърӯзаҳоро ба кумитаҳои дахлдори СММ ирсол мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкориро бо мақомоти шартномавӣ ва расмиёти махсуси СММ пайваста густариш дода, баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба санадҳои батасвибрасонида дар давраҳои гуногун ба мақомоти шартномавӣ  маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод намуд. Айни ҳол Тоҷикистон дар назди сохторҳои шартномавии СММ ягон қарздорӣ надорад.

Ба таъкиди У. Бобозода, яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон бо дарназардошти эътирофи принсипу меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ татбиқ накардани ҷазои қатл мебошад. Бо  ин мақсад  ба иҷрои ҷазои қатл дар мамлакат мораторий эълон карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ боздошта шуд.

Дар таъмини ҳуқуқи дастрасии ҳар кас ба адолати судӣ барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки аз соли 2007 инҷониб се даври он амалӣ гардонида шудаанд, нақши муҳим мебозанд. Бо мақсади таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон дар низоми адолати судӣ, фароҳам овардани муҳити солим ба онҳо дар ҷараёни таҳқиқу тафтиши парвандаҳо Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон барои солҳои 2017-2021 қабул гардид.

Дар ин раванд  амалӣ гардонидани ислоҳоти низоми адвокатура ва ёрии ҳуқуқии ройгон ва дар заминаи он қабул намудани Консепсияи ёрии ҳуқуқии ройгон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” барои рушди ҳуқуқи инсон дар ҶТ нақши муҳим дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак, аз ҷумла кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2020 бо дарназардошти таҳлили вазъи умумии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳодиҳии Стратегияи қаблӣ, имконияти мавҷудаи мақомоти ВҲИ муайян ва барои самаранокии бештари фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон равона гардидаанд.

Декабрь 10, 2020 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»