Имсол дар МОИ «Данғара» ба маблағи 21585,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст

Декабрь 1, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли 9 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  ба маблағи 21585, 3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи 21585,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тавлидгардида 6829 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Тоҷпласт-1», 516 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Грин голд», 121,7 ҳазор сомонӣ ба субъекти «Миср-2001», 1266 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Детйен Бетон», 11 400 ҳазор сомонӣ ба субъекти «Ауфен» 1076,7 ҳазор сомонӣ ба ширкати «Ғаюр саноат», 145 ҳазор сомонӣ ба  ширкати «Тоҷи Осиё», 194,9 ҳазор сомонӣ ба ширкати «Сохтмон»  ва 36 ҳазор сомонӣ ба ҶДММ «Оро» рост меояд.

Минтақаи озоди  иқтисодии «Данғара», ки дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон воқеъ аст, дар масоҳати 521,3 гектар доман густурдааст. Имсол дар МОИ «Данғара» 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҳазамон моҳҳои январ-сентябри соли равон дар МОИ «Данғара» ба маблағи 17080, 3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҶММ «ТК ОЙЛ» иҷро гардидаанд.

ДАР АКС: Корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара». Акс аз сомонаи МОИ «Данғара»

Декабрь 1, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд