«ИШҚИ САРХӮР». Таҳти ин ном китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ба чоп расид

Декабрь 27, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 27.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб»  аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби  Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдак  Кароматуллоҳи Мирзоро бо унвони «Ишқи сархӯр» аз чоп баровард. Китоби нави нависандаи маҳбуби тоҷик ҳадяи пурарзишест ба хонандаи гавҳаршиноси тоҷик. Дар ин бора аз Нашриёти «Адиб» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки  Нашриёти  «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва ғайраҳоро ба чоп расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки  аз рӯи асари Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар»  соли 2003 филми ҳунарии бисёрсериягӣ    ба навор гирифта шуда буд. Баъди тамошои ин филм маҳбубияту маъруфияти ин нависандаи  ҳақиқатнигор дар байни мардум афзун гардид.

Нависанда Кароматуллоҳи  Мирзо  21 январи соли 1941 дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Номбурда  соли 1963 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намудааст.
Номбурда муаллифи маҷмўаҳои повесту ҳикоя ва очеркҳои «Ситораи умед» (1980), «Маоши аввал» (1982), «Шанбе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Дар орзуи падар» (1987), «Суруди муҳаббат» (1988), «Ситораи Дилшод» (1986) мебошад.

Кароматулло Мирзоев дар ҳикояҳои «Қадри модар», «Вохўрӣ», «Айб аз худатон, додар», «Мо қарздор», «Одамшинос», «Аз мо савғо», «Деҳаро хоб мебинам» ва ғайра ашхоси беирода, худхоҳу манфиатҷўй, шўҳратпараст, ҳанноту фиребгарро сахт маҳкум менамояд.
Дар ҳикояҳои «Сабақ», «Қадамгоҳи ёд», «Бахти зан» захми забони мардум ҳамчун қувваи бадӣ тасвир ёфтааст.
Аксар ҳикояву повестҳои Кароматуллоҳи Мирзо, аз ҷумла  маҷмўаи повесту ҳикояҳои  ў «Муки любви» (1989) ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ҳикояҳои ҷудогонааш ба забонҳои  гуногун  ба табъ расидаанд.

 

Декабрь 27, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид