Коронавирус дар ҷаҳон: шумораи мубталоён аз 63 млн зиёд шудааст

Декабрь 1, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии мубталоёни Ковид-19 дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз 63 миллион зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин шумора аз маълумоте бармеояд, ки рӯзи сешанбеи 1 декабр дар сайти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нашр шудааст.

Маҷмӯан дар вуҷуди 63 229 355 нафар одамон сироят ёфт шуда, 1 467 673 бемор ҷон бохтаанд.

Иёлоти Муттаҳида аз рӯи шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ҳанӯз ҳам дар ҷои аввал аст ва дар он ҷо  сирояти коронавирус дар вуҷуди 13,5 миллион нафар одамон ошкор шудааст. Дар ҷойи дуюм — Ҳиндустон бо 9,4 миллион рӯйдод қарор дорад ва минбаъд — Бразилия (6,3 миллион) нафар.

Чанде пеш вирусшиносон шароити поён ёфтани густариши коронавирусро дар Россия эълом намуданд — ба фикри онҳо, дар бораи пирӯзӣ бар COVID-19 замоне метавон гуфт, ки шумораи гирифторшудагон дар кишвар аз 0,5% -и аҳолӣ зиёд набошад.

Худи ҳамон рӯз намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Россия Мелита Вуйнович изҳор намуд, ки хотима ёфтани пандемияи коронавирусро моҳҳои наздик набояд интизор шуд, барои ба ин расидан роҳи тӯлониро тай мебояд кард.

29 ноябр директори генералии Маркази давлатии таҳқиқотии «Вектор» Ринат Максютов изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус то охири соли 2021 ба итмом мерасад.

Ваксинаҳо

Тибқи иттилои Би-би-сӣ ширкати Moderna Inc барои дарёфти иҷозатнома барои ваксинаи таҷрибавии худ mRNA-1273 ба Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дархост фиристодааст. Меъёрҳои асосие, ки танзимгарон баррасӣ хоҳанд кард, инҳо — самаранокӣ ва бехатарӣ мебошанд.

Moderna қаблан изҳор карда буд, ки дар марҳилаи ниҳоии озмоишҳо доруи он 94,5% самаранокӣ нишон додааст.

Озмоишҳои клиникӣ дар вуҷуди 30 000 ихтиёриён, аз ҷумла пиронсолон ҳамчун намояндаҳои гурӯҳи бештар осебпазир гузаронида шудаанд. 15 ҳазор нафар бо ваксинаи воқеӣ эм шуданд ва танҳо 11 нафари онҳо баъдан ба коронавируси сабук гирифтор шуданд. Нисфи дигари онҳо бо платсебо эм шуданд ва аз ҷумлаи онҳо 185 нафар бо Covid-19 мубтало шуда, аксари онҳо дар шакли вазнин бемор шуданд.

Таҳиягари ваксинаи дигар Pfizer аллакай барои гирифтани иҷозатнома ба ИМА муроҷиат кардааст. Мақоми танзимгари Иёлоти Муттаҳида инчунин дархостро барои як ваксинаи дигари зидди коронавирус, ки онро ширкати AstraZenca дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Оксфорд истеҳсол кардааст, баррасӣ мекунад. Дар Россия ваксинаи «Спутник V» низ таҳия шуда, интизори хатми озмоишҳои клиникӣ мебошад.

Барномаи амалкард барои табибони бахши эҳёгарӣ

Захираи илмии ScienceAlert маълумотро дар бораи усуле интишор додааст, ки бо кумаки он табибон метавонанд муайян бикунанд, ки кадоме аз беморони Covid-19  дар навбати аввал ба кумак ниёз дорад. Ин хеле муҳим аст, мегӯянд олимон, зеро шуъбаҳои эҳёгарӣ дар саросари ҷаҳон дубора бо беморони ковид пур мешаванд ва баъзан катҳо барои ҳама намерасанд. Ҳоло барномаи нав, ки натиҷаи томографияии компютерии шуш ва маълумотро роҷеъ ба беморон таҳлил мекунад, барои муайян намудани бемороне, ки ба онҳо бояд афзалият дода шавад, мусоидат мекунад.

Пештар ба зеҳни сунъӣ аллакай ташхиси илтиҳоби шуши вобаста ба Covid-19 -ро бо эҳтимоли 90% омӯхта буданд. Аммо ҳоло маълумоти TК бо маълумоти муфассал дар бораи бемор, аз қабили синну сол, пайдоиш, ҳолати системаи хунгузар ва нишондиҳандаҳои асосии кори бадан якҷоя карда мешавад. Дар натиҷа, компютер метавонад пешгӯӣ кунад, ки ин ё он шахс ба ҷой дар шуъбаи эҳёгарӣ зарурат дорад ё не.

Бо вуҷуди ин, ҳоло миқёси татбиқи барномаи амалкарди нав чандон калон нест: он дар 295 бемор дар Иёлоти Муттаҳида, Эрон ва Италия озмоиш шудааст. Вале ҳатто дар ҳамин марҳилаи аввал барнома тавонист 96% ҳолатҳоеро пешгӯӣ кунад, ки 19 нафар мубталоёни Covid-19  бояд ба шуъбаи эҳёгарӣ фиристода мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, суръати паҳншавии беморӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон афзоиш меёбад. Бадшавии вазъият дар Бразилия ва Мексика идома дорад. Дар ин кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар тӯли 24 соати охир, мутаносибан, беш аз 24,4 ҳазор ва 6 388 рӯйдодҳои нав ошкор шудаанд.

Ҳангоми ошӯб дар яке аз зиндонҳои Шри-Ланка дасти кам ҳашт маҳбус ҳалок шуд, зиёда аз 50 нафар, аз ҷумла ду муҳофиз маҷрӯҳ гардид. Маҳбусон аз тарси паҳншавии коронавирус талаб мекарданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Хабарҳои охирини Аврупо

Ҳукумати Италия дар заминаи мавҷи дуввуми пандемия бастаи нави кумак ба тиҷоратро ба маблағи 8 миллиард евро тасдиқ кард. Канада низ нақшаи худро оид ба дастгирии тиҷорат рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.

Дар айни ҳол, вазири иқтисоди Германия Питер Алтмайер иброз намуд, ки кумакпулии давлатӣ ба ширкатҳо беохир буда наметавонад, худи одамон бояд барои пешгирии вирус талоши бештаре ба харҷ диҳанд. Ба гуфтаи вазир, шумораи беморони нав дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳанӯз ҳам хеле баланд аст ва калиди беҳбудии вазъият — ин муваққатан даст кашидан аз тамосҳои иҷтимоии аҳамияти ҳаётӣ надошта мебошад.

Мақомоти Бритониё ният доранд, ки соатҳои кории мағозаҳоро дар ҷашни соли нав ва дар тӯли моҳи январ тамдид кунанд. 2 декабр кишвар аз карантини дуввум мебарояд, аммо маҳдудияти мухталиф аз рӯи дараҷаи шадидият  дар тамоми қаламрави мамлакат боқӣ хоҳанд монд.

Шӯрои илмии назди ҳукумати Франсия тавсия медиҳад, ки баробари ворид шудани вояҳои аввалини ваксинаҳо ба кишвар, эмгузаронӣ бо ваксинаҳо, пеш аз ҳама, дар хонаҳои пиронсолон сурат бигирад.

ИМА: оқибатҳои ҳузновари  ҷашн

Эпидемиологи калони Иёлоти Муттаҳида Энтони Фаучи чунин мешуморад, ки дар ояндаи наздик кишвар бо рушди босуръати шумораи сироятёфтагон ба асари сафарҳои амрикоиҳо дар рӯзҳои истироҳат ба муносибати Рӯзи шукргузорӣ дучор хоҳад шуд.

Мувофиқи анъана, ҳафтаи пас аз ин ҷашн аз лиҳози саёҳатҳои дохилӣ фаъолтарин дар сол аст. Соли гузашта дар ҳамин давра аз тариқи фурудгоҳҳои шаҳрҳои Амрико тақрибан 26 миллион мусофир гузашта буд.

Имсол табибон амрикоиҳоро даъват карда буданд, ки Рӯзи шукргузориро дар хонаҳои худ  гузаронанд, аммо дар фурудгоҳҳо ҳафтаи гузашта дараҷаи баландтарин фаъолӣ  аз нимаи моҳи март ба қайд гирифта шуд — тақрибан 1 миллион мусофири дохилӣ мавҷуд буд.

Рӯзи якшанбеи гузашта шумораи беморони коронавируси нав дар ИМА дар моҳи ноябр аз 4 миллион афзуд, ки назар ба моҳи октябр ду баробар зиёд аст. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Иёлоти Муттаҳида беш аз 13 миллион нафар бемор ва зиёда аз 266 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

                                                                     АКС аз бойгонӣ

 

Декабрь 1, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин