Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз хатари тармафароӣ ҳушдор медиҳад

Декабрь 3, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба ҳавои ноустувори мамлакат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро огоҳ мекунад, ки баъзе қитъаҳои роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатарнок боқӣ мемонанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти  Кумитаи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.  

Дараҷаи баланди хатари тармафароӣ дар қитъаҳои роҳи  «Душанбе — Хуҷанд», «Душанбе — Рашт», «Душанбе — Сангвор», «Душанбе — Лахш», «Кӯлоб — Дарвоз», «Ванҷ — Хоруғ», «Хоруғ — Ишкошим» ва «Хоруғ — Мурғоб» боқӣ мондааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  сокинонро ҳушдор медиҳад, ки аз сафар ва рафтан ба ҷойҳое, ки хатари тармафароӣ доранд, худдорӣ кунанд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои зери тарма қарордошта бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро миёни  нақлиёт қатъиян риоя кунанд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид