Мақомоти Франсия 76 масҷидро бо гумони ҷудоихоҳӣ тафтиш мекунанд

Декабрь 5, 2020 11:09

ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Франсия Ҷералд Дарманен амалиёти васеъеро алайҳи биноҳои мазҳабии мусулмонон, ки ба ҷудоихоҳӣ гумонбар мешаванд, эълон кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи франсавии Liberation хабар медиҳад.

«Тибқи дастури ман, хадамоти давлатӣ алайҳи ҷудоихоҳӣ иқдоми азим ва бесобиқа оғоз мекунанд. 76 масҷиди гумонбар ба ҷудоихоҳӣ рӯзҳои наздик тафтиш карда мешаванд»,-навиштааст Ҷералд Дарманен дар Твиттер.

Ояндаи наздик мумкин аст 18 масҷид дар кишвар баста шаванд, 58 масҷиди дигар таҳти назорати шадиди маъмурӣ қарор доранд.

Тавре ки Euronews зикр кардааст, калимаи «сепаратизм» дар луғати сиёсии Франсия маънои вайрон кардани принсипҳои ҷумҳуриро дорад, дар ин маврид — таблиғи исломгароии радикалӣ.

Моҳҳои охир мавҷи ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ саросари Франсияро фаро гирифтанд. Қурбонии яке аз онҳо муаллими таърих Самуил Пати буд, дар дигар ҳодиса ду роҳгузар ва посбони дари калисои католикии Нитса кушта шуданд.

Декабрь 5, 2020 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд