МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар бораи қоидаҳои кишти барвақтии картошка ва парвариши он

Декабрь 24, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то 18 декабри соли равон  дар 160 ҳазору 967 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида шуд, ки аз ин 784 гектарро картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. Кишти барвақтии картошка асосан дар водиҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ ва Ҷайҳун кишти картошкаи барвақтӣ анҷом дода шуд.

Ба гуфти директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, «аҳамияти кишти картошкаи барвақтӣ дар он аст, ки дар моҳҳои май — июн бозори мамлакат бо картошкаи тару тоза таъмин мегардад».

Доктори илмҳои кишоварзӣ   иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода  ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта,  лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад.  Инчунин дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад  ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани офтоб гармӣ бояд ба  болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва  пас аз баромадани офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд.  Ин  барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».

Мутахассисони соҳа шинонидани тухмии картошкаи майда ва буридани картошкаро дар кишти тирамоҳӣ тавсия намедиҳанд, чунки аз он ҳосили кам ба даст оварда мешавад.

Ҳамсуҳбати мо доир ба коркарди картошкаи барвақтӣ чунин тавсия дод: «Дар моҳи феврал нишонаҳои сабзиши картошка пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат нарм кардани байни қаторҳо бо техникаҳои махсусе, ки маҳз барои кишти картошка пешбинӣ шудаанд, бояд анҷом дода шавад. Инчунин дар ин давра мо метавонем қаторҳоро бо нуриҳои минералӣ  таъмин намоем. Агар  замин бо намӣ таъмин бошад, то давраи ғунчабандӣ зарурати обмонӣ вуҷуд надорад. Вале ҳангоме ки ҳарорат   баланд ва хушкӣ дар хок пайдо гардид, он гоҳ обмонӣ тавсия дода мешавад».

                                                          Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
                                                               АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд