Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад. Дар самти Душанбе-Дубай, ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб «Fly Dubai» анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон аз чор парвоз дар масири Душанбе-Истанбул, ду парвоз аз сӯи ширкати «Сомон Эйр» ва ду парвози дигар аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия «Turkish Airlines» сурат мегирад. Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки «мақомоти авиатсионии Тоҷикистон теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар масири Душанбе-Дубай /Аморати Муттаҳидаи Араб/ ва Душанбе-Истанбул /Туркия/ афзоиш додааст. Ин тасмим дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 гирифта шудааст».
Бо дахли барқарор намудани парвозҳо ба самти Ӯзбекистон, Чин ва Россия Икром Субҳонзода афзуд, ки мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи авиатсионии кишварҳои зикршуда, бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунидҳоро идома дода, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ба мувофиқа расанд.
Алҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия аз ҷониби ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар як рӯз чор — панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд. Инчунин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Россия ба Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия, назири «Ют Эйр», «Урал», «Северный ветер» /Nordvind Airlines/ ва «Сибирь» иҷозат додааст.
Бояд гуфт, ки масъалаи азсаргирии парвозҳои мунтазам бо Чин, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






