Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад

Декабрь 29, 2020 12:03

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Минбаъд дар як ҳафта дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул чор парвоз сурат мегирад. Дар  самти Душанбе-Дубай, ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб «Fly Dubai» анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон аз чор парвоз дар масири Душанбе-Истанбул, ду парвоз  аз сӯи ширкати  «Сомон Эйр» ва ду парвози дигар  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия «Turkish Airlines» сурат мегирад. Директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар»  зикр кард, ки  «мақомоти авиатсионии Тоҷикистон теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар масири Душанбе-Дубай /Аморати Муттаҳидаи Араб/ ва Душанбе-Истанбул /Туркия/ афзоиш додааст. Ин тасмим дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 гирифта шудааст».

Бо дахли барқарор намудани  парвозҳо ба самти Ӯзбекистон, Чин ва Россия Икром Субҳонзода афзуд, ки мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи  авиатсионии кишварҳои зикршуда, бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунидҳоро идома дода,  интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ба мувофиқа расанд.

Алҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия аз ҷониби ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар як рӯз чор — панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд. Инчунин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Россия ба Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия, назири «Ют Эйр», «Урал», «Северный ветер» /Nordvind Airlines/ ва «Сибирь» иҷозат додааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи азсаргирии парвозҳои мунтазам бо Чин, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Декабрь 29, 2020 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»