Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки ҳамасола барои дарёфти он озмун эълон шуда, барои ҳар як ғолиб мукофоти пулӣ- 20 000 сомонӣ тақдим мегардад. Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, ҳадаф аз таъсис ва сарфароз намудан бо ҷоизаи давлатӣ ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос равона гардидааст.
Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд, коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудоифиавии мамлакат мебошад, барои таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ дода мешавад.
Ҳамчунин ҷоизаи мазкур ба омӯзгорон барои навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаи электронӣ), омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки хоҳишмандон метавонанд Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро аз сомонаи Вазорати маориф ва илм – www.maorif.tj дастрас намоянд.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






