Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» аз рӯйи се бахш ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ, ки аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бахши назм ҷойи аввалро «Таронаборон»-и Сафар Аюбзода Маҳзун, зинаи дуввум ба китоби «Баҳор овардан осон нест» ва «Пайғом»-и Бузургмеҳри Баҳодур ва Сафар Амирхон, мақоми сеюм ба китоби «Таронаҳои ватандорӣ»-и Шаҳрия Аҳтамзод дода шуд.
«Дар бахши наср ҷой аввалро «Подош» -и (маҷмӯаи ҳикояҳо) Сироҷиддин Икромӣ, мақоми дуввумро «Ман хабаркаши модарам»-и Неъматулло Худойбахш ва ҷойи сеюмро «Бе ситора нестам»-и Зулфия Атоӣ соҳиб гардиданд. Дар бахши асарҳои публисистӣ ҷойи аввал ба «НБО-и «Роғун»-кафолати рушди устувори минтақа»-и Ҳасан Асоев, ҷойи дуввум ба «Сабрин Гули худрӯи»-и Бартан ва ҷойи сеюм ба «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор дода шуданд. Дар бахши асарҳои назми бачагона ҷойи аввалро «Бо ҳам мо -Тоҷикистон»-и Гулназар Келдӣ, ҷойи дуввумро «Чашмасор»-и Муродалӣ Собир соҳиб шуданд. Дар бахши асарҳои насри бачагона ҷойи аввал ба «Шоҳпарак ва рангинкамон»-и Маҷид Салим, ҷойи дуввум ба «Яке буд, яке набуд»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева ва ҷойи сеюро ба «Шодии талх»-и Сайидо Шарафӣ сазовор донистанд», -афзуд манбаъ.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният, садоқат ба Ватан бахшида шудаанд, мебошад.
Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуда буд. Ба озмун аз тарафи муаллифон 39 унвон китобҳои тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ ва назму насри бачагона пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни мазкур – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – раис Низом Қосим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раис Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва шоирону нависандагони маъруфи тоҷик шомил гардида буданд.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






