ОНҲО НАМУНАИ ИБРАТАНД! Дар Душанбе бо иштироки ҷоизадорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳфили адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоб-омили рушди қобилияти зеҳнӣ» маҳфили адабӣ доир гардид. Дар он барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ғолиби ҷойи якуми озмун дар номинатсияи адабиёти бачагона Фарзона Восиева, ғолиби ҷойи якум аз номинатсияи адабиёти муосир Шероз Бобохонов, ғолиби ҷойи дуввум аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ ва устодону хонандагони муассиса иштирок доштанд.
Раъно Насриддинова зимни суханронӣ дар маҳфили адабӣ иброз дошт, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиҳон ва озмоиши одӣ нест, балки ин аз доираи озмуни одӣ берун буда, муаллими сахтгирест, ки имрӯз ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат- ҳам аз тамаддуни тоҷик ва ҳам аз тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёти моро тақвият мебахшад. Бо эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар гардидааст, балки он такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ гардид».
Директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе» Асҳобидини Шералӣ зикр дошт, ки «ҳадаф аз баргузории маҳфил қадрдонӣ намудани ғолибон ва онҳоест, ки бештар китоб мутолиа намудаву дар ҷомеа чун китобхони беҳтарин муаррифӣ мешаванд».
Мавсуф зикр дошт, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буда, яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани ҷомеа мебошад. Инчунин мутолиаи китоб сухандониву суханронии инсонро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбиниро васеъ ва касро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ месозад».
Ғолиби ҷойи якуми озмун дар номинатсияи адабиёти бачагона Фарзона Восиева дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ман таҳсилкардаи муассисаи мазкур мебошам. Дар ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардаам, саҳми устодони ин даргоҳ низ ҳаст ва ба онҳо сипоси бендозаамро ирсол медорам. Ба муҳассилине, ки дар ин даргоҳ таълим мегиранд, хоҳони онам, ки бештар мутолиа намоянд».
Мавсуф зикр дошт, ки «ин иқдоми Сарвари давлат, ки тӯли ду сол аст доир мегардад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа гардидааст».
Сипас аз ҷониби хонандагони Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо ғолибон суҳбати озоду самимӣ доир гардид. Ғолибон ба онҳо тавсия доданд, ки барои расидан ба қуллаи мурод талошҳои пайваста намуда, ҳадафи асосии худ мутолиаи бештари китобҳои гуногуни илмию бадеиро қарор диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, сазовори 48 ҷоий ифтихорӣ гардиданд.








Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст






