Пагоҳ дар Душанбе дуюмин бозии рафиқонаи футболбозони ҷавони Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад

Декабрь 26, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 26.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27  декабр соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии  дуюми дӯстона миёни  дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон     баргузор  мегардад.  Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.        

Дар бозии аввали  дӯстона байни дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон ва Эрон, ки   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дар  сатҳи баланд  сурат гирифт, футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба ҳамсолони эронии худ ғолиб омаданд.

Голҳои  ин вохӯриро  Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти   Шаҳром Самиев, 86  ба ҳадаф расониданд.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон  (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмумин Забиров, 73 – пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

         Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди  дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

 Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19) 2:1

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 26, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд