ПАЁМИ ШОДБОШИИ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҳизб

Декабрь 10, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 сол пур шуд. Ба ин муносибат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзоёни ҳизбро табрик намуданд.

Матни пурраи Паёми шодбошии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.

Ҳамсафони азиз!

Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи калидии он хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад, бисту шаш сол сипарӣ мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстивухудшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.

Ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.

Ҳамин тавр, 26 сол муқаддам мо ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштем.

Дар давраи зикршуда робитаи ҳизб бо мардум сол ба сол тақвияту густариш ёфта, сазовори бовар ва эътимоди кулли сокинони кишвар гардидааст.

Ҳанўз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерўҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандўстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд.

Тайи солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрўз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Ҳизби мо ба ҳайси нерўи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион нафар аъзо, инчунин, ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрўз низ ҳизби мо ҳамчун нерўи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.

Қобили зикр аст, ки ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун нерўи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.

Дар барномаи ҳизби мо зикр шудааст, ки вазифаи ондар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз ониборат аст, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Маҳз ҳамин ҳадаф бояд самти асосиву муҳимтарини фаъолияти мо дар давраи минбаъда бошад.

Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандўсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд.

Бори дигар ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори 26 –умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ самимона табрик гуфта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он азму нерўи тоза ва комёбиву муваффақият орзу менамоям.

Муваффақу сарбаланд бошед, ҳамсафони гиромӣ!

Декабрь 10, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид