Сергей Шойгу: Мо якҷо бо ҳамтоён самтҳои рушди ҷузъи ҳарбиро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД муайян кардем

Декабрь 2, 2020 12:14

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо назардошти вазъи кунунии ҳарбӣ-сиёсӣ нақшаи ҷойгиркунии амалии неруҳои дастаҷамъии худро тағйир медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу иттилоъ дод.

«Мо вазъи ҳарбӣ-сиёсиро дар марзҳои созмон, инчунин пешниҳодҳоро дар бораи муқовимати муштарак бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъии дорои хусусияти ҳарбӣ муфассал муҳокима кардем. Мо тасмим гирифтем, ки бо назардошти воқеиятҳои муосир санадҳои нақшаи ҷойгиркунии фаврии неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъро таҷдиди назар кунем», — гуфт ӯ пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД.

Шойгу тазаккур дод, ки якҷо бо ҳамтоёни худ самтҳои рушди ҷузъи ҳарбиро дар давраи оянда, ки раёсат дар СААД-ро Тоҷикистон бар дӯш дорад, муайян карданд ва инчунин рушди ҳамкории ҳарбиро барои давраи панҷсола ба нақша гирифтанд.

«Дар доираи кор дар самти ташкили системаи маҷмӯии таъминоти моддию техникӣ ва тиббӣ барои истифодаи гурӯҳҳои неруҳои СААД лоиҳаи созишномаи байнидавлатиро, ки масоили мазкурро ба танзим медарорад, тасдиқ кардем», — илова кард вазири мудофиаи Россия.

Қаблан дар Маркази вокуниш ба буҳронҳои СААД конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он масоили дастгирии тиббии неруҳои СААД (неруҳои муштарак) дар амалиёти муштарак баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД моҳи марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ин тасмимро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон карданд ва он дар XIII ҷаласаи пленарӣ, ки онлайн баргузор гардид, якдилона қабул карда шуд.

«Бо назардошти он, ки соли 2021 раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузарад, пешниҳод менамоям, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонӣ дар Душанбе баргузор шавад. Умедворам, ки вазъи эпидемиологӣ то баҳори соли оянда беҳтар хоҳад шуд ва ин ба мо имкон медиҳад, ки ҷаласаро дар ҳолати комил гузаронем», — гуфтанд  Рустами Эмомалӣ.

Соли 2021 Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси раисикунанда ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро баргузор мекунад. Ҷаласаи мазкур дар Душанбе баргузор мешавад ва санаи дақиқи он ҳанӯз маълум нест.

Декабрь 2, 2020 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад