Ширкати «Далерон Девелопмент Групп» дар МОИ-и «Кўлоб» Парки индустриалӣ-технологӣ бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкати «Далерон Девелопмент Групп» (Daleron Development Group) таҳти роҳбарии Умед Шомуров ҳамроҳ бо мудири бахши ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Раҷабалӣ Раҳимхоҷазода ва муовини якуми Раиси шаҳри Кўлоб Мунаваршо Ташрифзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» дидан намуданд.
Ҳадафи сафари мазкур иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин намудани сокинони шаҳри Кўлоб бо ҷойи кор ва дар ин замина бунёд намудани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, аз наздик шинос шудан бо имконият ва афзалияти сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди Парки индустриалӣ-технологӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» ба ҳисоб меравад.
Бунёди паркҳои индустриалӣ-технологии замонавӣ бо ташаббуси Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир сурат гирифта, омили мазкур имкон медиҳад, ки ба ин минтақа технологияи замонавӣ ворид гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави кор таъмин карда шаванд.
Дар ин раванд аз ҷониби роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” Мустафо Абдуллозода оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзи андозию гумрукӣ, захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ ва қувваи кории арзон, самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва бартарияти фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур иттилооти муфассал пешниҳод гардид.
Дар ин раванд ба меҳмонон якчанд дархостҳои лоиҳавии сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла парки технологӣ барои татбиқи минбаъда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” пешниҳод гардид.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” навтаъсис буда, дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таъсис дода шуда, барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус саноатикунонии босуръат нигаронида шудааст.
Ҳадафи асосии ташкили минтақаи мазкур таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур вохӯрии меҳмонон бо муовини якуми раиси шаҳри Кўлоб Мунаваршо Ташрифзода ва масъулини марбута баргузор гардида, дар он масъалаҳои сари вақт ҷамъоварӣ намудани маълумоти зарурӣ оид ба нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кўлоб, захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ, қувваи корӣ ва дигар имконоти ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






