Шудгоркунию яхобмонӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Суғд вусъати тоза мегиранд

Декабрь 14, 2020 14:44

ХУҶАНД, 14.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 210 525 гектар дар 74 973 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки он ба 35,6 фоизи иҷрои дурнамо  баробар аст. Аз ҷумла, шудгор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен, Шаҳристон ва Ҷ.Расулов хубтар ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора  муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Ҷалолов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилояти Суғд ҷараёни корҳои агротехникии саҳроӣ, чун шудгоркунӣ ва яхобмониву шӯршӯӣ ва ба ин восита омодакунии заминҳои кишоварзӣ ба мавсими баҳор бо маром идома доранд.

Ҳамзамон баҳри сари вақт ба иҷро расонидани корҳои агротехникии саҳроӣ 393 адад тракторҳои шудгоркунанда ҷалб гардидаанд.

Дар мавсими зимистони имсола тибқи нақша бояд дар майдони 14000 гектар корҳои яхобмонӣ ва дар 1000 гектар шӯршӯӣ гузаронида шаванд.

То ин муддат корҳои яхобмонӣ дар майдони беш аз 3000 гектар ва шӯршӯӣ дар бештар аз 200 га ба иҷро расонида шуда, вусъати корҳо дар ин самт дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Спитамен ва Ҷаббор Расулов бештар ба назар мерасад.

Декабрь 14, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»