Шудгоркунию яхобмонӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Суғд вусъати тоза мегиранд
ХУҶАНД, 14.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 210 525 гектар дар 74 973 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки он ба 35,6 фоизи иҷрои дурнамо баробар аст. Аз ҷумла, шудгор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен, Шаҳристон ва Ҷ.Расулов хубтар ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Ҷалолов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилояти Суғд ҷараёни корҳои агротехникии саҳроӣ, чун шудгоркунӣ ва яхобмониву шӯршӯӣ ва ба ин восита омодакунии заминҳои кишоварзӣ ба мавсими баҳор бо маром идома доранд.
Ҳамзамон баҳри сари вақт ба иҷро расонидани корҳои агротехникии саҳроӣ 393 адад тракторҳои шудгоркунанда ҷалб гардидаанд.
Дар мавсими зимистони имсола тибқи нақша бояд дар майдони 14000 гектар корҳои яхобмонӣ ва дар 1000 гектар шӯршӯӣ гузаронида шаванд.
То ин муддат корҳои яхобмонӣ дар майдони беш аз 3000 гектар ва шӯршӯӣ дар бештар аз 200 га ба иҷро расонида шуда, вусъати корҳо дар ин самт дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Спитамен ва Ҷаббор Расулов бештар ба назар мерасад.








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






