Шурӯъ аз имрӯз Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии намояндагони сохторҳои қудратӣ ба кор оғоз мекунад

Декабрь 10, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 декабр Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ  фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз менамояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода 9 декабр ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Зимни ҷаласа ҷиҳати аз 10 декабр бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ибрози назар карда шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт.

Декабрь 10, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад