Сокинони ноҳияи Роштқалъа ҳадяи гаронарзиши Сарвари давлатро бо ҳисси қаноатмандиву хушҳолӣ қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода ба сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон»-ро тақдим намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, зимни тақдим намудани ин асари гаронбаҳо, ки таърихи амиқи мардуми шарафманди тоҷикро бозгӯӣ мекунад, гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ҳайати намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ширкат намуданд.
Тақдими китоби «Тоҷикон» бо мақсади омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз номи Пешвои миллат ба ҳар хонаводаи мамлакат иқдоми шоистаи таҳсин мебошад.
Сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ба даст овардани ин ҳадяи гаронарзиш бо ҳисси қаноатмандиву хушҳолӣ арзи сипосу садоқати хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи корӣ бо мардуми ноҳия доир ба масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамар ва оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти диёр, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии сарзамин мулоқот намуд.
Муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ширкат намуда, ба як гурӯҳ омӯзгорон барои саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илмро тақдим намуд.










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






