Соли 2021 Париж мизбони Форуми сармоягузории Тоҷикистону Франсия мегардад
ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Парижбаргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар назар дошта шуда, ҳамзамон ҳайати сармоягузорони Франсия бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Ин масъала дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ гардид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар мулоқоти мазкур масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим аз Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар матраҳ гардиданд.
Саъдӣ Қодирзода ба Сафири Франсия доир ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот дод. Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак табодули назар намуда, ба мувофиқа расиданд.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






