Таркиш дар масири ҳаракати корвони як узви парлумон дар Кобул

Декабрь 21, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳидон мегӯянд, ки ин таркиш дар масири ҳаракати мошини Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагон, дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул  рух дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон расман изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақалл ҳашт нафар кушта, 15 тани дигар захмӣ ва се мошин оташ гирифтаанд. «Террористон имрӯз дар маҳаллаи 5-уми Кобул ҳамлаи террористӣ анҷом доданд», — омадааст дар изҳорот. Дар ҷумлаи маҷрӯҳон кӯдакон, занон ва пиронсолон низ ҳастанд ва ба хонаҳои атрофи ҳодиса зарари ҷиддӣ расида, Хон Муҳаммад Вардак, вакили парлумон маҷрӯҳ шудаст.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба зимма нагирифтааст.

Дар изҳорот илова шудааст: «Дар се моҳи охир душманони мардуми Афғонистон 37 ҳамлаи интиҳорӣ (маргталабона) ва 510 таркиш анҷом доданд, ки мутаассифона наздики 500 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 1050 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. «Ин шеваи ҳамлаҳои террористӣ дар тамоми қонунҳои муҳориба ҷинояти ҳарбӣ ҳисобида мешавад».

Декабрь 21, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад