Таркиши чандин мушак дар нуқтаҳои гуногуни Кобул
ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, ки мушакҳо аз мавзеъи Лаби Ҷари маҳаллаи Хайрханаи Кобул ба минтақаҳои дигари шаҳр партоб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Шаҳри Кобул субҳи имрӯз 12.12.2020 шоҳиди таркиши чанд мушак дар қисматҳои гуногуни он шуд, ки дар натиҷа ҳадди ақалл як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки тақрибан соати 6: 30-и имрӯз чор мушак аз минтақаи Лаби Ҷари маҳаллаи Хайр Хона (канораи шаҳри Кобул — шарҳи АМИТ «Ховар») партоб шуданд, ки дутои он ба мавзеъҳои атрофи фурудгоҳи шаҳри Кобул ва дуи дигар дар минтақаи «Хоҷа Равош» бархурданд.
Тибқи иттилои вазорат, дар минтақаи Хоҷа Равош ба асари таркиши мушакҳо як нафар ҳалок ва як каси дигар захмӣ шудааст.
То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти партоби ин мушакҳоро ба дӯш нагирифтааст.
Шоҳидон гуфтаанд, ки ба сӯи гӯшаҳои гуногуни шаҳр беш аз шаш мушак партоб шудааст.
Тақрибан як моҳ пеш, ҳодисаи шабеҳе дар Кобул рух дода буд ва ба гуфтаи кормандони амниятӣ, ба сӯи манотиқи мухталифи Кобул 23 мушак партоб шуда буд, ки дар натиҷа 8 ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуда буданд.
АКС аз маҳали таркиши яке аз мушакҳо.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






