Ташкилоти «Иттиҳоди табибони ҷавон» миёни аҳолӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои Ташкилоти «Иттиҳоди табибони ҷавон»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби табибони ҷавон ба шаҳрвандон доир ба зарурати ҳатмии истифодаи ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ маълумот дода шуда, ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки ниқоб надоранд, ниқоби тиббии ройгон тақдим гардид.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, махсусан истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби Ташкилоти «Иттиҳоди табибони ҷавон» ҳамарӯза дар ҷойҳои серодами пойтахт гузаронида мешаванд.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






