Татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» оғоз гардид

Декабрь 11, 2020 10:30

ДУШАНБЕ,11.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» оғоз гардид. Лоиҳаи мазкур муддати се сол амалӣ шуда, паҳлӯҳои васеи имконияти беҳтар намудани занҷираи аслии истеҳсоли атласро дар бар  гирифта,  ҳадаф аз татбиқи он  мусоидат ба рушди устувор,  пешрафти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад.

«Ин лоиҳа дар доираи барномаи «SWITCH-Asia», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад. Дар доираи лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» гузаронидани тадқиқот оид ба талабот ба матои атлас, барқарор намудани истеҳсолоти абрешим ва матои атлас, доир намудани омӯзишу машғулиятҳои таълимӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои минтақавӣ бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим ва матои атлас дар назар дошта шудааст»,-афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, алҳол дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди пилла «ВТ-Силк» ва «Дук» фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. Ҳамзамон корхонаи  «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки истеҳсоли беш аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрасро ба роҳ мондааст.

Оғози татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»-ро қабул намудааст. Фароҳам овардани замина барои ҳарчи бештар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо дар самти рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матои абрешимӣ, аз ҷумла атлас аз ҳадафҳои аслии барнома мебошад.

Декабрь 11, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд