Тоҷикистон ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи ИА шомил гардид

Декабрь 18, 2020 15:54

ДУШАНБЕ, 18.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир ба гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо доир гардид. Дар кори ҷаласаи имрӯза сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зикр кард, ки Агентии содирот дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва шарикони рушд дар самти дарёфти шарикони боэътимоди тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидороти  содиротӣ, муаррифии молу маҳсулоти содиротӣ, ҳамчунин барои ҷалб намудани харидорони  дохиливу хориҷӣ  тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалӣ барои шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бақайдгирифташудаи содироткунандагони Иттиҳоди Аврупо-системаи REX (Registered Exporter System)  бо  намояндагони Комиссияи иттиҳоди Аврупо мулоқот баргузор намуд.

-Шомил шудан ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо  қадами навбатӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо ба ҳисоб меравад,-иброз намуд директори Агентии содирот.

Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо – ин тартиби сертификати пайдоиши мол буда, мутобиқи принсипи худсертификатсияи субъектҳои содироткунада ба роҳ монда мешавад.

Тибқи талаботи Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP), (GSP+) содироткунандагон баҳри гирифтани имтиёзҳо бояд дар низоми мазкур ба қайд гирифта шаванд. Ин низом ба содагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобаста ба амалиёти содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд. Ҳамзамон баҳри бархудории субъектҳо аз имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври доимӣ ҳангоми аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои он содирот кардани мол имкон медиҳад.

Барои ҷорӣ намудани низоми мазкур Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) аз 27 августи соли 2020 муайян карда шуд.

«Низоми мазкур содагардонии расмиёти савдо буда, барои гузариш ба низоми умумии имтиёзҳои иттиҳоди Аврупо (GSP+) замина мегузорад. Айни замон тибқи тартиби муқарраргардида, якчанд ширкатҳои содироткунандаи молу маҳсулоти ватанӣ, ки бевосита ба  иттиҳоди Аврупо маҳсулот содирот мекунанд, ба низоми мазкур гузаронида шуданд. Ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ «Ҷавонӣ» ва «САТН», ки зиёда аз 20 сол фаъолияти истеҳсолӣ доранд, барои ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин намудани гуногуншаклии  истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо саҳм мегузоранд.  Соли 2020  ҶДММ «Ҷавонӣ» ба маблағи 9, 4 миллион доллар ба мамлакатҳои Аврупо маҳсулоти дӯзандагӣ ва ҶДММ «САТН» ба маблағи зиёда аз 6 миллион доллар маҳсулоти дӯзандагӣ содирот намудаанд, ки ин натиҷаи бисёр хуб мебошад»,-афзуд Шавкат Бобозода.

Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ин ду ширкат зиёда аз 90 фоизи иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзиеро, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад, ба Иттиҳоди Аврупо содирот кардаанд.

Ҷорӣ гардидани ин низом ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои амалиёти содиротӣ мусоидат намуда, барои дастрасӣ пайдо намудан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо замина мегузорад.

Айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, содироткунандагон метавонанд аз имконияти низоми мазкур истифода намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2020 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид