Вазири рушди иқтисод ва савдо бо корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ шинос гардид

Декабрь 5, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз 1 то 4 декабр вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта, дар маҷмӯъ шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ ва вазъи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни сафари корӣ З. Завқизода бо вазъи зиндагии аҳолии ноҳия, сохтмони иншооти ҷашнӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишту кори тирамоҳӣ ва ғайра шинос гардид.

Аз ҷумла, дар шаҳраки Панҷ аз ҷараёни сохтмони биноҳои маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи ноҳиявии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти Намуна аз сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №44, фаъолияти хоҷагиҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ, ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии Сомонӣ-1, инчунин дар ҷамоати деҳоти Меҳвар аз сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ муассисаи таълимии №36, 8 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №42, 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №32, толори варзишӣ, сохтмони даромадгоҳ, сангфарш ва чароғонкунии 1 км роҳи деҳаи Сабзихарф, кишти такрории сабзавот, аз қабили карам, сабзӣ, пиёз ва ғайраҳо дидан намуд.

Ҳангоми боздид аз ҷониби З. Завқизода як қатор камбудиҳо, аз ҷумла аз ғӯзапоя тоза нагардидан ва ба шудгор омода набудани заминҳои корам, пурра риоя нагардидани қоидаҳои бехатарию сейсмологӣ зимни сохтмони баъзе иншооти ҷашнӣ ошкор гардида, ба масъулини ноҳия ҷиҳати бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Декабрь 5, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд