Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон: «Умедворем дар соли 2021 коронавирусро аз байн мебарем»

Декабрь 31, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон  аз байн бурда шавад. Ягона шарти зарурӣ барои расидан ба чунин сенарияи некбинона —  ин ноил шудан ба идорашавандагии пандемия мебошад.

«Фикр мекунам, пас аз таҷлили Соли нав сирояти коронавирус дар мо зиёд нахоҳад шуд, баръакс, коҳиш меёбад», — гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, ба ин метавонад чораҳои пешгирикунандаи вирус, ки аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус андешида шудаанд, мусоидат кунанд. «Арчаҳои солинавӣ, чорабиниҳои корпоративию иҷтимоӣ, парвозҳои мунтазам бекор карда,    чораҳои эҳтиётӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайра таҳким бахшида шудаанд, — афзуд вазир.-  Дар саросари ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ аҳолиро дар бораи зарурияти  риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои истеъмоли ғизо ва пешбурди тарзи ҳаёти солим огоҳ мекунанд».

Ҷ. Абдуллозода изҳори умед кард, ки истифодаи ваксина низ имкон фароҳам меорад, ки вазъи COVID-19 дар кишвар ба таври назаррас беҳтар гардад. Ӯ ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба механизми байналмилалии COVAX, ки ҳадафи он дар асоси баробарӣ таъмин намудани ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои коронавирус аст, шомил гардид. Тақсими аввалин ваксинаҳо дар доираи механизми байналмилалии COVAX то нимаи соли 2021 оғоз мегардад.

Декабрь 31, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»