Вазорати энергетика ва захираҳои об ба муассисаҳои иҷтимоии Роштқалъа 85 тонна ангиштсанг интиқол дод

Декабрь 30, 2020 09:51

ХОРУҒ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои бе мушкилӣ гузаронидани фасли зимистон ҳамасола муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа аз 500 то 600 тонна ангиштсанг захира  менамуданд. Аммо соли равон аз аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво хеле паст фаромад ва мавсими гармдиҳӣ дар муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ барвақт оғоз ёфт.

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия Роза Гуламадшоева, илова бар ин баъзе аз биноҳои  муассисаҳои навбунёди таъиноти иҷтимоӣ  тавассути бухориҳои барқӣ  гарм карда мешаванд, аммо соли равон ба иллати сардии ҳаво сатҳи оби рӯдхонаҳо паст шуд ва неругоҳҳои вилоят натавонистанд бо иқтидори пурра кор кунанд. Бинобар ин муассисаҳои мазкур низ барои сарфа намудани неруи барқ  синфхонаву утоқҳои кории худро бо ҳезуму ангиштсанг гарм мекунанд ва аз ин рӯ талабот ба маводи сӯзишворӣ бештар шуд.

Ба мақсади сарфакорона ва оқилона баҳра бурдан аз неруи барқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ирсоли як нома  аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки дар таъмини баъзе аз муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ бо ангиштсанг ба онҳо кумак намояд. Масъулини шуъбаи маорифи ин ноҳия изҳор доштанд, ки пас аз ин дархост кумакрасонӣ оғоз ёфт. То имрӯз ба маркази ноҳия 85 тонна ангиштсанг ворид гардида, он сари вақт ба муассисаҳҳои таълимии деҳоти дурдаст низ интиқол дода шуд. Маорифчиён бо боварӣ изҳор намуданд, ки бо ин маводи иловагии сӯзишворӣ омӯзгорону хонандагон фасли зимистонро дар синфхонаҳои гарм  паси сар хоҳанд кард.

Декабрь 30, 2020 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид