Вазорати кишоварзии Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор тонна тухмии гандум захира намудааст

Декабрь 6, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 06.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар мамлакат дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 45 ҳазору 268,8 тонна гандум, 480,8 тонна шолӣ, 6 ҳазору 444,1 тонна дигар ғалладонагиҳо, 751,0 тонна лӯбиёгиҳо, 1083,3 тонна ҷуворимакка ва 36697,7 тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат итилоъ медиҳад.

Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад. Афзун намудани истеҳсоли зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои сертификатсияшуда вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии сертификатсияшуда, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.

Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон», имсол  корхона бо ширкати Агрохимияи Федератсияи  Россия оид ба ворид намудани гандуми тухмии  гурӯҳи элитаи   навъҳои   «Московская-56», «Московская-39»  ва  «Мироновская – 808» шартнома ба имзо расонид.

То 21 ноябри соли равон ҳашт қатора (вагон) гандум бо ҳаҷми   526 тонна ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 350 тоннаи он ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардид. Ҳоло тибқи рӯйхати мавҷуда он ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.

Декабрь 6, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»